Дар бораи чораҳои муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом

Сохтори мустақил дар назди Бонк, ки барои иҷрои талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалӣ дар ин самт масъул мебошад.
 
 
Кредит
1

Мақсад ва вазифа

Бо мақсади амали намудани талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои байналмилалӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом дар Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» бо фармоиши Раиси Раёсат Идораи мониторинги молиявӣ ва идоракунии хавфҳои бонкӣ таъсис дода шуд, ки ҳамчун сохтори мустақил дар пешбурди фаъолияти Бонк дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, масъул мебошад.

Дар доираи гузаронидани мониторинги гардиши амалиёт (аҳдҳо) бо маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулк аз рӯи суратҳисоби мизоҷон назорати фаъолияти ҳамагуна амалиётҳои оддӣ ва шубҳанок, ки ба фаъолият ва хусусияти кории мизоҷ ва эҳтиёҷоти он (назорати амалиёти ҳаҷман калон, интиқоли маблағҳои пулӣ ба суратҳисобҳо ва ғ.) ягон мутобиқат надоранд, гузаронида мешаванд.

Сиёсати КВД БА ҶТ «Амонатбонк» дар ин самт бо қарори Шурои нозирони КВД БА ҶТ «Амонатбонк» аз 03 сентябри соли 2024 таҳти №22 қабул гардидааст.
2

Заминаи ҳуқуқӣ

13 санад

Кор дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силои қатли ом дар Амонатбонк тибқи талаботҳои қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерин ба роҳ монда шудааст:

3

Вазифаҳои асосии Бонк

10 банд

Вазифаҳои асосии Бонк дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом инҳо мебошанд:

01 муайянкунӣ ва тафтиши мушаххасоти шахсияти мизоҷ ва молик – бенефитсиар
02 гузаронидани мушаххасоти мизоҷ аз рӯи усули «Муштарии худро шинос»
03 мониторинг ва таҳлили амалиёт (аҳдҳо) бо маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулк
04 ҷамъоварӣ ва нигоҳдории маълумотҳо оиди муштарӣ ва амалиёт (аҳдҳо) бо маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулк
05 ташкили пойгоҳи маълумоти оид ба шахсоне, ки ба терроризм алоқамандӣ доранд
06 муайянкунии дараҷаи хавфи шустушӯи пул ва маблағгузории терроризм
07 воқифкунии роҳбарияти бонк
08 ташкили тартиби кирои кормандон
09 ташкили талаботҳои соҳавӣ барои омода ва омӯзиши кормандон ва гузаронидани семинару омӯзишҳо ба кормандон
10 коркарди тартиби аудити дохилӣ барои тафтиши чораҳо дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом

КВД БА ҶТ «Амонатбонк»

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Рудакӣ 105

Телефон
+992 44 600 33 00
Write to Telegram