Дастрас

Низоми дохилисоҳавии интиқоли пули “Дастрас” танҳо дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон ва танҳо тавассути КВД БА ҶТ "Амонатбонк" сурат мегирад, яъне дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон, вилоятҳо ва минтақаҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ҳатто ҷамоату деҳотҳо амал менамояд.
 
 
 
 

Интиқоли маблағҳои дохили ҷумҳурӣ

Интиқоли маблағҳо тавассути низоми «Амонатбонк» бо асъори миллӣ (сомонӣ) амалӣ гардида, муҳлати иҷрои интиқол то 5 дақиқаро ташкил медиҳад. Ҳангоми пардохти маблағҳои интиқолӣ ба шахсони воқеӣ ҳаққи хизматрасонӣ ситонида намешавад. Барои интиқоли маблағҳои шахсони воқеӣ дар дохили ҷумҳурӣ аз як минтақа ба минтақаи дигар тавассути воҳидҳои сохтории КВД БА ҶТ «Амонатбонк» ҳаққи хизматрасонӣ вобаста ба маблағи интиқол муқаррар гардидааст: барои маблағҳои то 1000 сомонӣ — 1%, аз 1000,01 сомонӣ то 3000 сомонӣ — 0,5%, аз 3000,01 сомонӣ то 5000 сомонӣ — 0,4%, аз 5000,01 сомонӣ то 10000 сомонӣ — 0,3% ва барои маблағҳои зиёда аз 10000,01 сомонӣ — 0,25%.
✓
Телефон барои маълумот 44-600-30-71.
Ба Telegram нависед