Қоидаҳои истифодабарии кортҳои пардохтии бонкии
КВД БА ҶТ "Амонатбонк"

 
Қоидаҳои мазкур барои таъмини амнияти иттилоотии кортҳои пардохтии бонкии дорандагон, риояи тартиби истифодабарии он, рақами мушаххаскунандаи шахсӣ ва амнияти дигар маълумотҳо нигаронида шудааст.

1. Қоидаҳои умумӣ

  • Барориш ва аз нав барориши корт дар асоси аризаи хаттии дархосткунанда амалӣ карда мешавад.
  • Ҳеҷ гоҳ PIN-код ва корти худро ба шахсони дигар пешниҳод накунед.
  • PIN-код аз корт ҷудо нигоҳ дошта мешавад.
  • Корт аз таъсири намӣ, механикӣ, ҳароратӣ ва электромагнитӣ эмин нигоҳ дошта мешавад.
  • Корти пардохтии бонкиро ба SMS-хабар пайваст намудан мумкин аст.
  • Ба муҳлати амали корт диққат додан зарур аст.
  • Маълумоти корти пардохтии бонкӣ бояд махфӣ нигоҳ дошта шавад.
  • Рақамҳои телефонии Бонкро дар телефон ё дафтарча нигоҳ доред.
  • Дар ҳолати гум шудан ё вайрон шудани корт фавран ба Бонк муроҷиат намоед.

2. Истифодабарии кортҳо ва гузаронидани амалиёт бо кортҳои пардохтии бонкӣ дар банкомат ва POS-терминалҳо

  • Амалиётҳоро танҳо худи дорандаи корт анҷом медиҳад.
  • Ҳангоми ба банкомат ворид карда натавонистани корт, аз истифодаи он худдорӣ намоед.
  • Кортро бо зӯрӣ ба банкомат ворид накунед.
  • Ҳангоми ворид намудани PIN-код клавиатураро бо даст пӯшонед.
  • Аз банкомати носоз истифода набаред.
  • Баъди гирифтани маблағ онро ҳисоб кунед ва баргаштани кортро санҷед.
  • Чекҳоро барои муқоиса бо ҳисоб нигоҳ доред.
  • Дар ҳолати барнагардонидани корт ё набаромадани маблағ ҳатман ба Бонк муроҷиат намоед.

3. Истифодабарии кортҳои пардохтии бонкӣ барои пардохти ғайринақдии молу хизматрасониҳо ва амалиётҳои фосилавӣ (Интернетбонк ва мобайлбонк).

  • Пардохт бояд танҳо дар ҳузури худи дорандаи корт анҷом дода шавад.
  • Пеш аз имзо намудани чек маблағи нишон додашударо ҳатман санҷед.
  • Маълумоти корти худро тавассути Интернет ба шахсони дигар пешниҳод накунед.
  • Барои харидҳои интернетӣ истифодаи корти алоҳида тавсия дода мешавад.
  • Танҳо аз сомонаҳои маълум ва санҷидашуда истифода баред.
  • Амалиётҳои фосилавиро беҳтараш тавассути компютери шахсӣ анҷом диҳед.

4. Тартиби манъи амали корт

  • Дохил шудани рақами корт ба рӯйхати Stop-list.
  • Ба охир расидани муҳлати эътибори корт.
  • 3 маротиба пайдарҳам нодуруст ворид намудани PIN-код.
  • Қатъ намудани амали корт дар асоси аризаи мизоҷ ё супориши Бонк.
  • Набудан ё кам будани маблағ дар ҳисоби кортӣ.

5. Муқаррароти хотимавӣ

  • Шакли чопии қоидаҳо ҳамроҳи корти интишоршуда пешниҳод мегардад.
  • Шакли электронии қоидаҳо дар сомонаи интернетии Бонк ҷойгир карда мешавад.
Муҳим! PIN-код, рақами корт, муҳлати эътибор ва дигар маълумоти корти бонкиро ба ҳеҷ кас пешниҳод накунед.

 

Ба Telegram нависед