Дар бораи чораҳои муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом

Мақсад ва вазифа
Бо мақсади амали намудани талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои байналмилалӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом дар Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» бо фармоиши Раиси Раёсат Идораи мониторинги молиявӣ ва идоракунии хавфҳои бонкӣ таъсис дода шуд, ки ҳамчун сохтори мустақил дар пешбурди фаъолияти Бонк дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, масъул мебошад.
Дар доираи гузаронидани мониторинги гардиши амалиёт (аҳдҳо) бо маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулк аз рӯи суратҳисоби мизоҷон назорати фаъолияти ҳамагуна амалиётҳои оддӣ ва шубҳанок, ки ба фаъолият ва хусусияти кории мизоҷ ва эҳтиёҷоти он (назорати амалиёти ҳаҷман калон, интиқоли маблағҳои пулӣ ба суратҳисобҳо ва ғ.) ягон мутобиқат надоранд, гузаронида мешаванд.
Заминаи ҳуқуқӣ
13 санадКор дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силои қатли ом дар Амонатбонк тибқи талаботҳои қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерин ба роҳ монда шудааст:
Вазифаҳои асосии Бонк
10 бандВазифаҳои асосии Бонк дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом инҳо мебошанд:
КВД БА ҶТ «Амонатбонк»
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Рудакӣ 105