Санадҳои ҳуқуқӣ
Қонунгузории бонкӣ – соҳаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз низоми санадҳои қонунгузорӣ ва меъёрии танзими фаъолияти бонкӣ иборат аст. Асоси қонунгузории бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Қонун «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ва Қонун «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ» ташкил медиҳанд.
Қонун «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» мақоми ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон, усулҳои ташкилӣ он, вазифаҳои асосӣ, ҳамкории бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақсад ва воситаҳои асосии сиёсати пулию қарзӣ, усули тарҳҳои танзиму назорати бонкӣ, тартиби таъсиси сохтор ва барҳам додани ташкилотҳои қарзӣ, ташкил гардиши пул ва ҳисоббаробарӣ ва дигар вазифаю ваколатҳои Бонки миллии Тоҷикистонро муайян мекунад.
Дар Қонун «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ» мафҳуми бонк ва ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ, ҳамчунин низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон, феҳристи амалиёти бонкӣ, усулҳои муносибати мутақобилаи бонкҳо бо муштариён ва давлат, тартиби ташкилӣ бонк, бақайдгирӣ ва иҷозатномадиҳӣ барои фаъолияти он (аз ҷумла бонкҳо бо иштироки сармояи хориҷӣ), асос барои бозхонди иҷозатномаи анҷом додани амалиёти бонкӣ, мафҳуми «сирри бонкӣ», усулҳои ҳисобдорӣ ва ҳисоботдиҳӣ, тартиби тафтиши аудиторӣ муқаррар карда шудааст.
Танзими ҳуқуқии фаъолияти бонкӣ ҳамчунин аз тарафи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои дигар ва санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Дар айни замон аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон санадҳои меъёрие қабул гардида амал менамоянд, ки ба тартиби бақайдгирии бонкҳо ва иҷозатномадиҳӣ фаъолияти бонкӣ тааллуқ дошта, меъёрҳои ҳатмии фаъолияти онҳо ва тартиби истифодаи муҷозот ба бонкҳо дар ҳолати вайрон намудани талаботи қонунгузории бонкӣ, аз ҷумла тартиби бозхонди иҷозатнома, тартиби анҷом додани ҳисоббаробарии ғайринақдӣ муқаррар месозанд ва дигар масъалаҳои фаъолияти бонкиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим медароранд.