Корти миллӣ

Корти миллӣ (чип) - ба ҳамаи хоҳишмандон барои истифодабарӣ дар дохили ҷумҳурӣ, ҳамчунин амалӣ намудани лоиҳаҳои маош бо ташкилотҳои шакли моликияташон гуногун дода мешавад.
 
 
 
 
Кредит
 
 
 
 
Кредит

Имтиёзҳои корт

 
✓
Муҳлати корт 5 сол
✓
Дастрасӣ ба маблағ
✓
Бо ҳисоби сомонӣ бароварда мешавад
 
 
 
 

Имкониятҳо

 
✓
Арзиши корт 20 сомонӣ
✓
Пардохти мол ва хизматрасонӣ дар корхонаҳои савдо ва хизматрасонӣ
✓
Кортҳои миллӣ (пардохти миллӣ)-ба ҳамаи хоҳишмандон барои истифода намудан дохили ҷумҳурӣ, ҳамчунин амалӣ шудани лоиҳаҳои маош бо ташкилотҳои шакли моликияташон гуногун дода мешавад.
 

Нафақавӣ

Нафакавӣ (чип) — Корти мазкур барои, нафақаю кумакпулӣ ва дигар маблағӽо ки аз тарафи муассиса (ташкилот ва вазорату идораӽои буҷети) ба нафакагирон ҷудо карда мешаванд пешбинӣ шудааст.
 
 
 
 
Кредит
 
 
 
 

Имтиёзҳои корт

 
✓
Дастрасӣ ба маблағ
✓
Бо суратҳисоб бо сомонӣ бароварда шудааст
✓
Муҳлати корт 5 сол
 
 
 
 

Имкониятҳо

 
✓
Гирифтани пули нақд аз банкоматҳо ва нуқтаҳои додани пули нақд дар саросари ҷумҳурӣ
✓
Шабакаи васеи қабули кортҳо дар ҷумҳурӣ
✓
Пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ, алоқаи мобилӣ, интернет ва дигар хизматрасониҳо бе баромадан аз хона тавассути барномаи мобилии «Амонат-мобайл»
✓
Пардохти мол ва хизматрасониҳо дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ бе комиссия
✓
SMS-огоҳонӣ ба телефони мобилии Шумо оид ба ҳамаи амалиётҳо бо корт

Саволҳо ва ҷавобҳо

Пас аз пур кардани корт, мизоҷ барои гирифтани маблағ чӣ қадар мунтазир мешавад?

▼

Агар корт аз терминалҳои худкор пур карда шавад, дар давоми 4–5 сония ба ҳисоби корт ворид мегардад.

Дастрасии корт аз давраи дархост чанд рӯзи кориро дар бар мегирад?

▼

Дастрасии корт барои мизоҷони шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ аз 2 то 5 рӯзи кориро дар бар мегирад.

Арзиши корти пардохтии бонкӣ чӣ қадар аст ва чанд сол онро метавон истифода бурд?

▼

Муҳлати хизматрасонӣ ба кортҳои пардохтии бонкӣ аз 2 то 5 сол пешбинӣ шудааст. Хизматрасонӣ ва арзиши корт аз намуди он вобаста буда, тибқи тарофаҳои тасдиқшудаи Бонк анҷом дода мешавад.

Пур намудани ҳисоби кортӣ чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?

▼

Барои пур намудани ҳисоби корт ба филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкӣ бо пешниҳод намудани реквизит муроҷиат намоед. Ҳамчунин тавассути терминалҳои худкори бонкҳои дигар низ метавонед ин корро анҷом диҳед.

Барои кушодани ҳисоби кортии бонкӣ чӣ гуна ҳуҷҷатҳо лозим мебошанд?

▼

Нусхаи шиноснома, 1 дона расми 3×4 ва пур намудани шакли дархост лозим мебошад.

Мизоҷ аз амалиётҳо бо истифода аз корт чӣ гуна огоҳ мешавад?

▼

Бояд ба хизматрасонии СМС-паёмак пайваст шуд ва дороиҳои худро идора кард.

СМС-паёмакро ба корт чӣ гуна пайваст метавон кард?

▼

Мизоҷ метавонад мустақилона тавассути сомонаи pay.npm.tj пайваст шавад. Дар филиалҳои Бонк бошад, амалгарон барои анҷоми чунин кор дастгирӣ менамоянд.

Дар ҳолати шикастан, гум кардан, бекор шудани корт ва ба итмом расидани муҳлати эътибори корт чӣ бояд кард?

▼

Дар мавриди гум кардани корт ё дигар ҳолатҳои ғайричашмдошт, дорандаи корт бояд дарҳол ба бонки хизматрасон муроҷиат намуда, фаъолияти корти худро манъ намояд. Барои барқарор намудани ҳолати кории корт ба бонк муроҷиат намоед. Телефонҳо барои тамос: 6009022, 6009071, 1885.

Ҳангоми гум кардани рамзи махфӣ (ПИН-код) ё фаромӯш намудани он чӣ бояд кард?

▼

Дар ҷои матни СМС рақами 1885 ва чор рақами охири кортатонро нависед. Навиштаҷоти худро ба рақами 5151 ирсол намоед. Сипас ПИН-рамз ба Шумо тариқи СМС дастрас мегардад.

Метавонам кортҳои иловагиро ба номи худ гирам?

▼

Бале, барои гирифтани кортҳои иловагӣ ба шумо аризаи мувофиқ навиштан лозим аст.

Ҳаққи хизматрасонии Бонк бо истифодаи корт дар шабакаи терминалии Амонатбонк ва дигар ташкилотҳои қарзӣ чӣ қадар муқаррар шудааст?

▼

Ҳаққи хизматрасонии кортҳои нафақавӣ ва кортҳои маошӣ дар шабакаи Амонатбонк ройгон буда, дар шабакаи дигар ташкилотҳои қарзӣ тибқи тарофаҳои тасдиқшуда муайян шудааст.

Кортҳои пардохтии бонкии Шумо берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасонӣ карда мешаванд?

▼

Кортҳои миллӣ танҳо дар дохили ҷумҳурӣ истифода бурда мешаванд. Кортҳои байналмилалии Visa дар дохил ва берун аз ҷумҳурӣ истифода бурда мешаванд.

Ба суратҳисоби кортии ман аз хориҷи кишвар маблағ интиқол додан мумкин аст?

▼

Бале, мумкин аст. Шумо бояд ба шахси интиқолдиҳандаи маблағ рақами корт ё реквизитҳои пурраи кортро пешниҳод намоед. Инчунин тавассути Амонатмобайл ва ҳамёни электронӣ метавонед дар кӯтоҳтарин муддат маблағро дастрас намоед.

Аз корти ман ба кортҳои дигар ҷумҳурӣ маблағ интиқол додан мумкин аст?

▼

Бале, мумкин аст. Шуморо зарур аст аз барномаи Амонатмобайл истифода бурда, маблағи дилхоҳи худро интиқол диҳед. Зеркашӣ кунед: http://onelink.to/usgxst.

Ҳангоми барнагардонидани корт ё набаромадани маблағи дархостшуда аз банкомат дорандаи корт ба куҷо муроҷиат намояд?

▼

Дар навбати аввал бояд ба телефонҳои дар монитори банкомат буда 446009022, 446009071, 446009091, 446009066 ва рақами кӯтоҳи Амонатбонк 1885 занг зада, ҳолати корти худро муҳосира намоед. Агар банкомат кортро фурӯ барад ё маблағи дархостшударо надиҳад, барои баргардонидани маблағ ё корт бо пешниҳоди шиноснома ва ариза ба бонки хизматрасон муроҷиат намоед.

Write to Telegram