Кафолати шартномавӣ
Хизматрасонии кафолатҳои бонкии шартномавӣ барои иҷрои уҳдадориҳо байни фармоишгар ва таҳвилгар.
Дар БДА ҶТ «Амонатбонк» хизматрасонии кафолатҳои бонкии шартномавӣ дар бланкҳои махсус бо таври хаттӣ ба шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ба роҳ монда шудааст.
Ин хизматрасонӣ барои иҷрои шартҳои шартномаи уҳдадориҳои байни фармоишгар ва таҳвилгар ё пудратчӣ берун аз харид таъмин менамояд.
Намудҳои кафолатҳои шартномавӣ
Кафолати пешакӣ
Агар пудратчӣ шартҳои шартномаро иҷро накунад, Бонк пешпардохтро ба муштарӣ бармегардонад ва сипас ҷуброни онро аз пудратчӣ талаб мекунад.
Агар пудратчӣ шартҳои шартномаро иҷро накунад, Бонк пешпардохтро ба муштарӣ бармегардонад ва сипас ҷуброни онро аз пудратчӣ талаб мекунад.
Кафолати иҷрои ӯҳдадориҳо
Барои кафолати таҳвили мол, хизматрасонӣ ё иҷрои кор тибқи шартҳои шартнома истифода мешавад.
Барои кафолати таҳвили мол, хизматрасонӣ ё иҷрои кор тибқи шартҳои шартнома истифода мешавад.
Кафолати пардохт
Агар фармоишгар маблағи кори пудратчиро пардохт накунад, Бонк маблағи заруриро пардохт намуда, баъдан онро аз муштарӣ талаб мекунад.
Агар фармоишгар маблағи кори пудратчиро пардохт накунад, Бонк маблағи заруриро пардохт намуда, баъдан онро аз муштарӣ талаб мекунад.
Ҳаққи хизматрасонӣ
1%
аз маблағи умумии дархости кафолати бонкӣ дар ҳолати бе таъминнокӣ
аз маблағи умумии дархости кафолати бонкӣ дар ҳолати бе таъминнокӣ
0,5%
аз маблағи умумии дархости кафолати бонкӣ дар ҳолати бо таъминнокӣ
аз маблағи умумии дархости кафолати бонкӣ дар ҳолати бо таъминнокӣ
Тартиби муроҷиат
Барои гирифтани кафолатҳои шартномавӣ шахсони ҳуқуқӣ ва ё соҳибкорони инфиродӣ метавонанд дар сурати мавҷуд будани суратҳисобҳои бонкӣ дар филиалҳо ва Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» бо мактуб муроҷиат намоянд.
Дар мактуб бояд навъ, шартҳои шартнома, ҳаҷми маблағ, муҳлати кафолат ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ нишон дода шаванд.
Ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои соҳибкорони инфиродӣ
- Ариза барои гирифтани кафолати бонкӣ;
- Нақшаи тиҷоратӣ;
- Нусхаи қарордод ва шартномаҳо бо шарикон;
- Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ;
- Бастаи ҳуҷҷатҳои пешниҳодкунандаи таъминоти гарав таҳти кафолати бонкӣ.
Ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои шахсони ҳуқуқӣ
- Ариза ва ё мактуб барои гирифтани кафолати бонкӣ;
- Нусхаи оинномаи ташкилот;
- Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии ташкилот ба сифати шахси ҳуқуқӣ;
- Нусхаи мактуби ахборотӣ аз мақомоти андози ҷойи қайд;
- Қарори Маҷлиси Муассисон оид ба масъалаи гирифтани кафолати бонкӣ;
- Нусхаи фармонҳо дар бораи таъиноти роҳбарони ташкилот;
- Иҷозатнома барои фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи иқтисодиёт;
- Нусхаи шиносномаҳои роҳбарони ташкилот;
- Тавозуни муҳосибавӣ барои 1 соли охири фаъолияти ташкилот;
- Шарҳи пурраи дебеторӣ ва кредиторӣ;
- Ҳисобот дар бораи фоида ва зиён;
- Нусхаи қарордод ва шартномаҳо бо шарикон.