Кортҳои корпоративӣ
Ҳалли муосир барои ташкилотҳо ва корхонаҳо ҷиҳати анҷом додани пардохтҳои хизматӣ ва хароҷоти хоҷагидорӣ.

Кортҳои корпоративӣ ба шахсони ҳуқуқие, ки дар лоиҳаи музди меҳнат тавассути кортҳои бонкӣ шартномаи ҳамкорӣ бастаанд, пешниҳод карда мешаванд.
Кортҳои мазкур барои харҷ намудани маблағҳои маводи хоҷагидорӣ, дафтардорӣ ва дигар пардохтҳои электронии хоҷагидорӣ пешбинӣ шудаанд.
Афзалиятҳои асосии корт
Имконияти шабонарӯзӣ истифода бурдан
Ройгон пайвастшавӣ ба хизматрасонии SMS-паёмак
Шаффофияти амалиётҳо
Ворид намудани маблағ ба ҳисоби корт ҳам нақдӣ ва ҳам ғайринақдӣ
Дастрасӣ ба ҳисоботи амалиётҳои гузаронидашуда тавассути беруннависӣ (выписка)
Истифода барои ҳисоббаробаркунӣ дар марказҳои савдо ва хизматрасонӣ
Корт барои ташкилотҳои муосир
Кортҳои корпоративии «Амонатбонк» барои истифода дар дохили ҷумҳурӣ ба ташкилотҳои шакли моликияташон гуногун пешниҳод карда мешаванд.