Вокуниш ба ВАО
Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” саҳми рўзноманигоронро дар баланд бардоштани маърифати молиявии шаҳрвандон баланд арзёбӣ намуда, вобаста ба хабари дар санаи 23-юми июли соли 2022 бо сарлавҳаи “200 миллион сомонӣ “камбуди молӣ” дар “Амонатбонк” аз куҷост?”, ки пас аз нишасти матбуотии Амонатбонк аз ҷониби хабарнигори расонаи хабарӣ Алишер Зарифӣ дар сомонаи расмии Радиои Озодӣ ва саҳифаҳои он дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардид, чунин иттилоъ медиҳад.
Қайд намудан зарур аст, ки манзур аз 200 миллион сомонӣ камбуди молӣ набуда, балки қарзҳои аз руи муҳлат батаъхирафтодаи мизоҷони Бонк мебошанд. Маблағи мазкур аз ҷониби Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019, аз руи санҷиши фаъолияти Амонатбонк барои солҳои 2017-2018 муайян шуда буд ва то имруз зиёда аз 104 миллион сомонии он аз ҷониби қарздорон баргашта, ба гардиши молиявии Бонк ворид шудааст.
Қисмати боқимондаи ин қарзҳо бо амволҳои мувофиқ таъмин буда, тибқи тартиб баъди ба фуруш рафтани онҳо ба пуррагӣ пардохт мегардад.
Бояд тазаккур дод, ки ҳама қарзҳои Амонатбонк бо гарави мувофиқ таъмин мебошанд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки пешниҳоди қарз амалиёти дорои хавфи баланд буда, дар ҳама бонкҳо, ҳатто дар бонкҳои бузурги ҷаҳонӣ низ дар ин самт мушкилӣ эҷод менамояд.
Дар нишастҳои қаблӣ масъалаи қарзҳои батаъхирафтодаи мазкур аз тарафи роҳбарияти Бонк мавриди фаҳмондадиҳӣ қарор мегирифт, вале аз чӣ бошад, ки дар нишасти матбуотии санаи 22 июл баргузоргардида, ки ба натиҷагирии фаъолияти Бонк дар нимсолаи аввали соли 2022 бахшида шуда буд, саволи мазкур такроран пешниҳод гардид.
Ба нашр расидани хабари носаҳеҳ бо сарлавҳаҳои “200 миллион сомонӣ “камбуди молӣ” дар “Амонатбонк” аз куҷост?” ва “200 миллион сомонии Амонатбонк ғайб задааст” боиси сару садои беасосу бемаврид ва коста гардидани боварию эътиқоди мардум ба низоми бонкӣ гардида, ҳамзамон бо истифода аз ин баъзе аз расонаҳои хабарӣ бо таҳриф намудани матну сарлавҳаи хабар маводҳои иттилоотии нодурустро дар шабакаи иҷтимоӣ нашр намудаанд.
Эзоҳ: Амонатбонк дар низоми бонкии ҷумҳурӣ калонтарин Бонк маҳсуб ёфта, аз рӯи баҳогузории ҳамасолаи Бонки миллии Тоҷикистон ва хулосаи аудиторони хориҷӣ, Бонки низомсоз ва боэътимод ба шумор меравад. Боэътимод будани Амонатбонк аз он зоҳир мегардад, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолати баргардонидани амонатҳои шахсони воқеӣ дода шудааст.
Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” саҳми рўзноманигоронро дар баланд бардоштани маърифати молиявии шаҳрвандон баланд арзёбӣ намуда, вобаста ба мақолаи хабарнигори Рӯзномаи “СССР” Алихон Шарипов, ки санаи 7-уми апрели соли 2022, дар шумораи №14 (707) рўзномаи мазкур зери унвони “Кӯлоб: банкоматҳои холӣ” нашр гардида ва гузориши Радиои Озодӣ, ки санаи 5-уми апрели соли 2022 дар барномаи Ахбори Озодӣ оид ба камчин будани пули нақд дар ноҳияи Восеъ пахш гардид, чунин маълумот манзур менамояд.
Амонатбонк, ҳамчун пиёдакунандаи як ҳиссаи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми манотиқи кишвар (бо 75 филиал, 546 адад МХБ) ба аҳолӣ хизматрасонӣ намуда истодааст.
Маврид ба зикр аст, ки ба ҳолати имрӯза шумораи дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ 1 миллиону 463 ҳазор нафарро ташкил дода, дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон зиёда аз 105 ҳазор адад корт фаъолият дорад.
Инфрасохтори хизматрасонӣ дар минтақаи Кӯлоб аз 33 адад банкомат (12 адад дар шаҳри Кӯлоб) ва зиёда аз 100 адад постерминал иборат буда, ҳамарӯза хизматрасонии аҳолиро анҷом дода истодаанд.
Тибқи омор агар солҳои пеш истифодабарандагони банкоматҳо теъдоди ками дорандагони кортҳоро ташкил медод, имрӯз бошад 55% аҳолӣ аз банкоматҳо истифода менамояд. Дар баробари банкоматҳо постерминалҳо низ дар филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкӣ фаъоланд.
Тибқи мушоҳидаҳо, тамбашавии зиёди одамон дар назди банкоматҳо санаҳои охир ва аввали ҳар моҳ ба назар расида, на зиёда аз 5-6 рӯз идома меёбад. Зеро дар охир ва аввали ҳар моҳ музди меҳнат ва нафақа ба кортҳо гузашта, дорандагони кортҳо мекӯшанд, дар ҳамон рӯзӣ воридшавии маблағ онҳоро хароҷот намоянд.
Инчунин, як омили дигар низ сарбории хароҷоти пули нақдро аз банкоматҳо зиёд намуда истодааст, ин ҳам бошад афзоиш ёфтани интиқоли маблағҳо ба кортҳои пардохтии бонкӣ аст.
Як нуқтаи дигарро қайд намудан зарур аст, ки банкомат таҷҳизоти техникӣест, ки гунҷоиши ва зарфияти муайянеро соҳиб аст ва баъди холӣ шудани он маблағҳои муайян вақт ва кормандони алоҳидаро анҷом додан зарур аст, ки такроран бо нақдина пур карда шавад.
Бояд зикр кард, ки дорандагони кортҳои миллӣ ба танҳо дар банкоматҳои Амонатбонк, балки дар тамоми таҷҳизоти терминалии дигар ташкилотҳои қарзии низоми пардохтии миллии “Корти миллӣ” хизмат гирифта метавонанд, ки ин аз фарогир ва дастрас будани шабакаи низом дарак медиҳад.
Бо вуҷуди мушкилиҳои ҷойдошта Амонатбонк ҳама вақт кӯшиш менамояд, ки хизматрасониҳои мақбул ва босифатро пешкаши мизоҷон гардонад.
Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” саҳми рўзноманигоронро дар рушди ҷомеа, бахусус баланд бардоштани маърифати молиявии шаҳрвандон бо роҳи тарғиби хизматрасониҳои бонкӣ, ки мақсад аз он осон ва шаффоф намудани пешниҳоди хизматрасониҳои бонкӣ ба мардуми кишвар мебошад, баланд арзёбӣ менамояд.
Ҳамзамон, оид ба мақолаи рўзноманигор – муҳаррири Рӯзномаи “СССР” Шокир Наим, ки зери унвони “Бонкҳои Тоҷикистон: чаро кор соати 16:00 тамом мешавад?”, санаи 2 сентябри соли 2021, №35 (676) дар рўзномаи мазкур ба нашр расидааст, чунин маълумот манзур менамояд.
Амонатбонк ҳамчун бонки давлатӣ дар сар то сари кишвар, ҳатто дар дурдасттарин манотиқи он бо 75 филиал ва 546 адад марказҳои хизматрасонии бонкӣ ба аҳолӣ хизматрасониҳои гуногуни бонкиро пешниҳод намуда истодааст.
Реҷаи корӣ аз соати 08:00 то 16:00 ба роҳ монда шуда, бо 40 соат дар ҳафта мутобиқ аст.
Бо мақсади дастрасии бештари хизматрасонӣ 25 хазинаи шабонарӯзӣ фаъол мебошад.
Инчунин, хизматрасонӣ ба мизоҷон тавассути низомҳои муосири бонкӣ, аз қабили банкоматҳо, постерминалҳо, хизматрасонии фосилавӣ ва дигар воситаҳои электронӣ ба роҳ монда шудааст, ки шаҳрвандон метавонанд дар вақти дилхоҳ аз онҳо истифода баранд.
Ҳамин тариқ, маълумоти дар мақолаи мазкур ироашуда наметавонад фаъолияти воқеии Бонкро пурра инъикос намояд, зеро Амонатбонк ҳамеша ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва баланд бардоштани дастрасии хизматрасониҳои бонкӣ тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
БДА ҶТ “Амонатбонк” хабари нашр ва паҳншудаи саҳифаҳои иҷтимоиро дар мавриди “Худкушии Ғиёсиддин Аюбзода, корманди “Амонатбонк”-ро дар ноҳияи Айнӣ” рад намуда, чунин иттилоъ медиҳад:
Номбурда бо роҳбарият ва ҳамкасбони худ дар филиали рақами 25-и “Амонатбонк”-и ноҳияи Айнӣ дар муносибат ягон мушкилӣ надошт.
Номбурда пеш аз даст задан ба амали худкушӣ мактуб навишта, сабаби ба ин амал даст заданашро мушкилоти шахсӣ, яъне қарздор будан аз якчанд нафар шахсони алоҳида бо маблағи зиёд ва таҳдидҳо дарҷ намудааст.
Тафтишот идома дорад ва маълумоти пурра баъд аз анҷом ба ВАО пешниҳод мегардад.