Лоиҳаи музди меҳнат

КВД БА ҶТ «Амонатбонк» барои корхонаҳо ва ташкилотҳои гуногунсоҳа хизматрасонии пардохти музди меҳнатро тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ пешниҳод менамояд.
 
 
 
 
Кредит

Афзалиятҳо барои ташкилотҳо

Саривақт ворид намудан ва пардохт кардани музди меҳнати кормандон тавассути банкоматҳо ва POS-терминалҳо
Таъмини махфияти маълумот оид ба ҳаҷми музди меҳнати кормандон
Кам кардани хароҷоти корхона вобаста ба интиқол, нигоҳдорӣ ва хизматрасонии маблағҳо
Аз байн бурдани мушкилоти маблағҳои аз ҷониби кормандон гирифта нашуда ва кам намудани хароҷоти хазинавӣ
Баланд бардоштани нуфузи ташкилот тавассути истифодаи технологияҳои муосир ва пешрафта
Таъмини хизматрасонии шабонарӯзӣ барои кормандон тавассути шабакаи банкоматҳо
Аз байн бурдани навбатҳо назди хазина ҳангоми гирифтани музди меҳнат
Таъмини ҳисоббаробаркуниҳои фаврӣ ва осон

Афзалиятҳо барои кормандон

Гирифтани музди меҳнат аз тамоми шабакаҳои терминалии Бонк
Пардохти молу хизматрасониҳо тавассути корти пардохтӣ дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ
Кам намудани хавфи гум шудани маблағ ҳангоми гум шудани корти бонкӣ
Кафолати нигоҳдорӣ ва дастрасии бехатар ба маблағҳо
Идоракунии мустақили маблағҳои шахсӣ ва банақшагирии хароҷот
Гирифтани маблағи дилхоҳ дар вақти муносиб
Имконияти истифодаи маблағҳо новобаста аз маҳалли ҷойгиршавӣ (сафари хизматӣ, рухсатӣ ва ғайра)
Пайвастшавӣ ба хизматрасонии SMS-паёмак ва замимабарномаи «Амонат Мобайл»

Барои ҳамроҳ шудан ба лоиҳа

Барои амалӣ намудани пардохти музди меҳнат тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ ба рақамҳои зерин муроҷиат намоед:

1885
44 600 05 60   |   44 600 38 82

Мутахассисони Бонк ҳамеша омодаанд барои баррасӣ ва татбиқи лоиҳаи музди меҳнат бо мутахассисони Шумо ҳамкорӣ намоянд.

Ба Telegram нависед