Интернет банкинг
Идоракунии суратҳисобҳои бонкӣ ва амалиётҳои молиявӣ тариқи интернет дар ҳар вақти шабонарӯз.
Ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои пайвастшавӣ
Ариза ба номи Директори Департаменти хазинадорӣ оид ба ба қайд гирифтани мизоҷ дар барномаи «Интернетбанкинг»
Суроғаи электронӣ, рақами телефон ва нусхаи шиносномаи шахси масъули ширкат, корхона ё мизоҷ
Ба расмият даровардани шартномаи хизматрасонӣ аз ҷониби мутахассисони Департаменти хазинадорӣ
Ба имзо расонидани шартнома аз ҷониби Амонатбонк ва мизоҷ
Афзалиятҳои хизматрасонӣ
Ба қайд гирифтани мизоҷон дар барномаи «Интернетбанкинг» ройгон мебошад
Идоракунии суратҳисобҳои бонкӣ аз ҳар нуқтаи ҷаҳон
Дастрасӣ ба хизматрасониҳо 24 соат дар як шабонарӯз
Назорат ва идоракунии амалиётҳои молиявӣ дар вақти воқеӣ
Пайвастшавии зуд
Кушодан ва ба қайд гирифтани хизматрасонии «Интернетбанкинг» ҳамагӣ аз 5 то 10 дақиқа вақтро дар бар мегирад.