Хабарҳо
Чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи Модар дар Амонатбонк
Санаи 06-уми марти соли ҷорӣ дар раёсати Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”” бо иштироки раиси раёсати Бонк Салимзода А.А., муовинони раиси раёсат, шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло ва ҳайати кормандон бахшида ба ҷашни Рӯзи Модар чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар оғоз роҳбарияти Бонк занону бонувонро бо ҷашни фархундаи Рӯзи Модар табрику таҳният гуфта, иброз доштанд, ки Модар сарчашмаи њаёт, рамзи мењру вафо, покиву самимият ва мактаби нахустини инсоният башумор меравад. Маҳз оғӯши гарму дуои неки модар инсонро ба роҳи рост, ба илму маърифат ва ба хизмати содиқона ба Ватан раҳнамун месозад. Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло низ зимни ироаи табрикот ва суханронии хеш аз бузургии Зан-модар ҳарф зада, қайд намуданд, ки модарон на танҳо тарбиятгари фарзанд, балки пояи устувори ҷомеа, нигаҳбони арзишҳои миллӣ ва омили муҳими пешрафти давлат мебошанд. Ҳамзамон дар чорабинӣ ба хотири бузургдошти нахустин бонуи суханвари тоҷик, шоираи тоҷику форс Робияи Балхӣ намоиши зебое пешниҳоди ҳозирин гардонида шуда, аз ашъори ноби ин бонуи шуҷоатманд ва суханвар шеърҳои пурмазмун қироат гардид. Дар идома як қатор занону бонувони фаъоли Бонк ҷиҳати заҳмату меҳнати софдилона ва фаъолияти назаррас бо сипоснома сарфароз гардонида шуданд. Танини суруду таронаҳои дилнишини ҳунармандони маҳбуби диёр анҷомбахши чорабинии бошукуҳ ба ифтихори Рӯзи Модар буд.
Нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Амонатбонк давоми соли 2025
Санаи 10-уми феврали соли ҷорӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”” нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Бонк давоми соли 2025-ум баргузор гардид. Дар нишасти матбуотӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма, раиси раёсати “Амонатбонк” Салимзода А.А., мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Қосимзода И.Ш., муовини якуми раиси раёсат Худоёрзода Х.Б., муовини раиси раёсат Ризвонзода Ф.З., ва роҳбарони воҳидҳои сохтории саридораи Бонк ширкат варзиданд. Дар оғози нишаст раиси раёсати “Амонатбонк” Салимзода А.А. бо рӯнамои мухтасар баромад намуда, ба ҳозирин оид ба натиҷаҳои фаъолияти Бонк давоми соли 2025 маълумот доданд. Маълумотҳои пешниҳодгардида оид ба пардохтпазирии Бонк, дороиҳо, уҳдадориҳо, сармоя, даромад, ҳаҷми пасандозҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ, фоизҳои ба аҳолӣ пардохтшуда, иқдомҳои қарзии Бонк ва қарзҳои ба аҳолӣ пешниҳодгардида, ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ, фаъолият дар самти рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва ғайра иборат буд. Намояндагони воситаҳои ахбори оммаи кишвар низ дар навбати худ вобаста ба фаъолияти соҳа суолҳои гуногун пешниҳод намуданд. Аз ҷумла оид ба ҷалби сармояи хориҷӣ ба низоми бонкӣ, бақияи умумии пасандозҳо ва фоизҳои он, тадбирҳо дар самти баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявии мизоҷон, рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, чораҳои дахлдор ҷиҳати пешгирии мизоҷон аз амалҳои қаллобон, ҳиссаи қарзҳои батаъхирафтода дар сандуқи қарзӣ, рушди иқтисоди рақамӣ ва ғайра суолҳо пешниҳод гардид. Нишасти матбуотӣ дар фазои озод барои ибрози андешаҳо ва саволу ҷавоб сурат гирифта, дар он фаъолияти Бонк ҳамаҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҷаласаи ҳамоҳангсозон ва коршиносони бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай дар Бухоро
Санаи 15 то 18 майи соли ҷорӣ Ҷаласаи ҳамоҳангсозон ва коршиносони бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай (ИББ СҲШ) таҳти раисии Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ўзбекистон дар шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Ўзбекистон баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур ҳайати кории Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» таҳти роҳбарии муовини Раиси Раёсати Бонк муҳтарам Ризвонзода Фирдавс Зикр иштирок ва суханронӣ намуданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар Ҷаласаи ҳамоҳангсозон ва коршиносони бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкӣ беш аз шаш масъалаҳои муҳим дар самти бонкдорӣ ва сармоягузорӣ байни бонкҳои аъзои Иттиҳод мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамчунин, дар рафти Ҷаласаи ҳамоҳангсозон Нақшаи чорабиниҳои муштараки бонкҳои аъзои ИББ СҲШ оид ба дастгирӣ ва рушд додани ҳамкориҳои дохилиминтақавии иқтисодии кишварҳои аъзои СҲШ дар давраи пас аз пандемия ва Принсипҳои нави чаҳорчўбаи ҳамкории молиявӣ ва ҳамкорӣ тавассути пешниҳоди хатҳои қарзӣ аз ҷониби бонкҳои аъзои Иттиҳод ба дигар бонкҳо, муассисаҳои молиявии кишварҳои нозир ва бонкҳои шарики Иттиҳод парафгирӣ карда шуд, ки ҳуҷҷатҳои мазкур дар рафти баргузории Ҷаласаи Шўрои ИББ СҲШ ба имзо хоҳанд расид.
Ҷаласаи Шўрои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай
Дар соли 2021, дар баробари роҳбарии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай, БДА ҶТ «Амонатбонк» низ, ҳамчун бонки аъзо дар Иттиҳоди байнибонкӣ раисӣ менамояд. Вобаста ба ин, имрўз, яъне санаи 16 сентябри соли ҷорӣ бо ташаббуси БДА ҶТ «Амонатбонк» дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шўрои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти БМТ, Котиби генералии СҲШ ҷаноби Норов Владимир Имамович ва роҳбарони бонкҳои аъзои Иттиҳод оғоз гардид. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар чорабинӣ Котиботи генералии СҲШ, роҳбарони Ширкати молиявию инфрасохтории Ҷумҳурии Ҳиндустон, Бонки давлатии рушди Хитой ва Ҳабиб Бонк Лимитеди Ҷумҳурии Исломии Покистон, Корпоратсияи давлатии рушд «ВЭБ.РФ», Бонки рушди Қазоқистон, ҶСК «РСК Банк»-и Ҷумҳурии Қирғизистон ва ҶС «Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Ўзбекистон» қисман дар шакли ҳузурӣ ва қисман дар шакли маҷозӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар рафти баргузории чорабинии мазкур тибқи Рўзномаи ҷаласа 6 масъалаи муҳим дар самти тақвият бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба мавриди баррасии намояндагони бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай қарор дода шуд. Аз ҷумла; 1.Васеъ намудани ҳамкориҳо бо институтҳои молиявии давлатҳои нозир ва шарикони муколамаи СҲШ; 2.Тақвият бахшидани ҳамкориҳо бо институтҳои молиявие, ки дар минтақаи кишварҳои аъзои СҲШ ва Осиё фаъолият менамоянд; 3.Баррасии қабули Стратегияи рушди минбаъдаи Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай (ИББ СҲШ) барои давраи миёнамуҳлати солҳои (2022 - 2026); 4.Ҳамкориҳои сармоягузории бонкҳои аъзои ИББ СҲШ; 5.Ҳамкориҳо дар самти табодули таҷриба ва омода намудани мутахассисон; 6.Баррасӣ ва тариқи овоздиҳӣ интихоб намудани бонки раисикунандаро дар ИББ СҲШ барои солҳои 2021-2022. Боиси ифтихор аст, ки имрўз бо дастгирии ҳамаи бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай дар давраи раисии Амонатбонк Стратегияи рушди минбаъдаи Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай (ИББ СҲШ) барои давраи миёнамуҳлати солҳои 2022 – 2026 аз ҷониби роҳбарони бонкҳои аъзои Иттиҳод ба имзо расида, барои то соли 2026 қабул гардид.
Ҷаласаи коршиносон ва ҳамоҳангсозони Иттиҳоди байнибонкии СҲШ
Санаҳои 17 ва 18 майи соли 2021 бо ташаббуси Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ҷаласаи коршиносон ва ҳамоҳангсозони ИББ СҲШ қисман тариқи ҳузурӣ ва қисман маҷозӣ баргузор гардид. Дар чорабиниҳои мазкур ҳайатҳо аз ҷониби Корпоратсияи давлатии рушди ВЭБ. РФ, Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Ўзбекистон, РСК «Банк» - Қирғизистон ва Бонки Рушди Қазоқистон ҳузур доштанд. Дар ҷаласаи мазкур гуруҳҳои кории Бонки давлатии рушди Хитой, Ҳабиб Бонки Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Корпоратсияи давлатии молиявию инфрасохтории Ҷумҳурии Ҳиндустон низ тариқи маҷозӣ иштирок намуданд. Дар оғози ҷаласа муовини Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» муҳтарам Ризвонзода Фирдавс Зикр суханронӣ намуданд. Муҳтарам Ризвонзода Ф.З. дар баромади худ қайд намуданд, ки ИББ СҲШ саҳнаи муҳими ҳамкориҳои байнибонкӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай ба шумор рафта, дар шароити кунунии мураккаби иқтисодӣ бонкҳои аъзоро водор месозад, ки бо истифода аз тамоми имконоти мавҷуда ҷиҳати барқарор кардани вазъи иқтисодиёти кишварҳои аъзо якҷоя талош вазранд. Ҳамчунин, қайд карда шуд, ки Амонатбонк омодааст бо шарикони рушд дар шакли дуҷониба ва бисёрҷониба ҳамкориро густариш дода, баҳри амалӣ намудани ҳадафҳои дарпешистода чораҳои заруриро амалӣ намояд. Дар кори ҷаласаи мазкур ҷониби БДА ҶТ «Амонатбонк» барои муҳокимаи ҷонибҳо масъалаҳои зеринро пешкаш намуд: 1. Васеъ намудани ҳамкориҳо бо институтҳои молиявии давлатҳои нозир ва шарикони муколамаи СҲШ; 2. Ҳамкориҳо бо институтҳои байналмилалии молиявие, ки дар қаламрави кишварҳои СҲШ ва дар минтақаи Осиё фаъолият менамоянд; 3. Муҳокимаи қабули Стратегияи рушди минбаъдаи ИББ СҲШ барои давраи миёнамуҳлат (2022-2026); 4. Ҳамкориҳои сармоягузории бонкҳои аъзои ИББ СҲШ; 5. Ҳамкорӣ дар самти табодули таҷриба ва омода намудани мутахассисон; 6. Ҳамоҳангсозии санаҳои баргузории ҷаласаи Шўрои ИББ СҲШ. Масъалаҳои асосии ҷаласа, ин пеш аз ҳама дар таҳрири нав қабул намудани Стратегияи рушди минбаъдаи ИББ СҲШ барои давраи миёнамуҳлат (2022-2026) ва Ҳамоҳангсозии санаҳои баргузории ҷаласаи Шўрои ИББ СҲШ ба шумор меравад.