Офертаи оммавӣ
Оид ба расонидани хизматрасониҳо барои анҷом додани пардохтҳо бо истифодаи кортҳои бонкӣ тавассути низоми «АмонатМобайл»
Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», ки минбаъд «Бонк» номида мешавад ва дар асоси Оиннома фаъолият менамояд, хизматрасониҳои истифодаи замимаи мобилии «AmonatMobail»-ро ба ҳар як шахси воқеӣ, ки минбаъд «Мизоҷ» номида мешавад, пешниҳод менамояд.
Матни зерини Оферта пешниҳоди расмии оммавии БДА ҶТ «Амонатбонк» барои бастани Шартномаи хизматрасонӣ мутобиқи қисми 2 моддаи 469 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Шартномаи хизматрасонӣ аз лаҳзаи анҷом додани амалҳои пешбинишуда дар ҳамин Оферта аз ҷониби Мизоҷ басташуда ҳисобида шуда, эътибор пайдо мекунад.
Нусхаи амалкунандаи Оферта дар сомонаи Бонк ҷойгир карда шудааст: https://www.amonatbonk.tj/
1. Истилоҳот ва мафҳумҳо
2.1. Дар шартномаи оферта мафҳумҳои зерин истифода мешаванд:
Бонк – Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», шахси ҳуқуқӣ буда, хизматрасонии ҳисоббаробаркунӣ, технологӣ ва иттилоотии сервисро амалӣ менамояд.
Шарик – шахсони воқеӣ ва/ё ҳуқуқие, ки корҳоро иҷро мекунанд, хизмат мерасонанд ё мол мефурӯшанд.
AmonatMobail – замимаи мобилӣ, ки дар телефони мобилии мизоҷ насб гардида, интиқоли маълумотро таъмин менамояд.
Мизоҷ – шахси воқеие, ки шартҳои ҳамин Шартномаро тавассути қабул ва бақайдгирӣ дар замимаи «AmonatMobail» қабул намудааст.
Иштирокчиёни ҳисоббаробаркунӣ – тарафҳои Шартнома ва дигар шахсоне, ки бевосита дар раванди анҷом додани пардохт иштирок мекунанд.
Истифодабарандагони замима – шарикон ва мизоҷоне, ки шартҳои ҳамин шартномаи офертаро қабул намудаанд.
Қоидаҳои истифодаи Замима – дастурҳои ҳатмӣ барои истифодабарандагон оид ба истифодаи Замима, ки дар сервери Замима ва сомонаи www.amonatbonk.tj ҷойгир шудаанд.
Хизматрасонӣ – амалҳои Бонк тибқи супориши мизоҷ ва гирифтани ҳуҷҷати молиявии тасдиқкунандаи пардохт дар шакли SMS ё чеки пардохтӣ, ки ба почтаи электронӣ фиристода мешавад.
Комиссияи Бонк – ҳаққи хизматрасонии комиссионӣ, ки дар Тарифҳо муайян гардида, аз ҷониби Бонк барои хизматрасониҳо ситонида мешавад.
Ҳисоби кортӣ – корти бонкие, ки аз ҷониби Бонк ба номи Доранда ё шахси дигар бароварда шуда, барои анҷом додани пардохтҳо истифода мешавад.
Реквизитҳои корт – рақами корт, ному насаби шахсе, ки корт ба номи ӯ бароварда шудааст, муҳлати амали корт ва рамзи амниятии CVC2/CVV2.
Ҳамёни электронӣ – барнома ё интернет-сервисе мебошад, ки имкон медиҳад маблағҳои электронӣ нигоҳдорӣ ва ҳисоббаробаркуниҳои электронӣ анҷом дода шаванд.
Сомонаи Бонк – сомонаи дар шабакаи Интернет ҷойгиршуда бо суроғаи https://amonatbonk.tj, ки дар он маълумот дар бораи Бонк ва хизматрасониҳо ҷойгир аст.
2. Мавзӯи Шартнома
2.2. Бонк ба Мизоҷ хизматрасонии истифодаи замимаи мобилиро барои идоракунии ҳисобҳои кортӣ — «AmonatMobail» ва ҳамёни электронӣ пешниҳод менамояд, Мизоҷ бошад аз сервисҳо истифода бурда, шартҳои ҳамин Шартномаро иҷро мекунад.
2.3. Қабули бечунучарои шартҳои ҳамин Шартнома гирифтани қонунии ҳуқуқи дастрасӣ ба Замима, бақайдгирӣ дар сомонаи Бонк ва/ё дар замимаи «AmonatMobail» ва/ё анҷом додани пардохт аз ҷониби Мизоҷ ҳисобида мешавад.
2.4. Мизоҷ тасдиқ менамояд, ки аз имконияти ситонидани дигар ҳаққи хизматрасонӣ аз ҷониби ташкилоти қарзие, ки Қабулкунандаи пардохтро хизмат мерасонад, огоҳ мебошад.
4. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои тарафҳо
4.1. Бонк аз лаҳзаи бастани шартнома ӯҳдадор мешавад:
а) супоришҳои электронии Мизоҷро қабул намуда, онҳоро ба реквизитҳои нишон додаи Қабулкунанда гузаронад;
б) пардохти мол, хизматрасонӣ ва корҳои Шариконро ба манфиати Мизоҷ аз ҳисоби кортӣ ё ҳамёни электронӣ иҷро намояд;
в) хизматрасониҳои дархостшудаи Бонкро мутобиқи Тарифҳо пешниҳод намояд;
г) Мизоҷро дар бораи тағйирёбии Тарифҳо, Қоидаҳои истифодаи Замима ва ҳамин Шартнома на дертар аз 7 рӯзи тақвимӣ огоҳ намояд;
д) барои дурустии пардохтҳои анҷомдодаи Мизоҷ масъулият дошта бошад;
е) махфияти маълумоти шахсии Мизоҷ ва дигар маълумотро риоя намояд;
ж) қабул ва интиқоли маълумотро қатъиян тибқи талаботи АСП риоя намояд.
4.2. Бонк ҳуқуқ дорад:
а) ҳангоми сифр будани бақияи ҳисоби кортии Мизоҷ пешниҳоди хизматрасониҳоро муваққатан боздорад;
б) Тарифҳо ва матни ҳамин Шартномаро якҷониба тағйир диҳад;
в) барои корҳои профилактикӣ ва таъмирӣ хизматрасониҳоро муваққатан боздорад;
г) дар ҳолати вайрон кардани ӯҳдадориҳо аз ҷониби Мизоҷ хизматрасониҳоро қатъ намояд;
д) маблағҳои ҳамёни электрониро ба корти бонкии Мизоҷ барнагардонад;
е) ҳангоми ошкор шудани амалиётҳои шубҳанок пешниҳоди хизматрасониҳои фосилавиро боздорад;
ж) аз Доранда Комиссияи Бонкро ситонад;
з) ҳангоми имконнопазир будани анҷом додани пардохт Мизоҷро тавассути ҳамён огоҳ намояд.
4.3. Мизоҷ ӯҳдадор мешавад:
а) мустақилона бақияи мусбати ҳисоби кортии худро нигоҳ дорад;
б) шартҳои пешниҳоди хизматрасониҳоро иҷро намояд;
в) маблағҳоро дуруст пурра ва/ё ирсол намояд ва барои хатогӣ масъулият барад;
г) хизматрасониҳои Бонкро танҳо бо роҳи қонунӣ истифода барад;
д) тағйирот дар Шартнома, Тарифҳо ва дигар маълумотро мунтазам санҷад;
е) розӣ мебошад, ки хароҷоти SMS ва интернет-трафик ҳангоми истифодаи AmonatMobail аз ҳисоби худи ӯ бошад;
ж) махфиятро риоя намуда, PIN-кодро ба шахсони дигар ошкор насозад;
и) ҳангоми гум шудани телефон ба хадамоти дастгирии техникӣ муроҷиат намуда, бастани аккаунтро дархост намояд;
к) ҳангоми харидани телефони нав замимаро аз телефони кӯҳна нест намояд;
л) ҳангоми фаромӯш кардани PIN-код аз нав дар замима бақайдгирӣ гузарад;
м) маблағҳои худро байни ҳисоби кортӣ ва ҳамёни электронӣ дуруст тақсим намояд.
4.4. Мизоҷ ҳуқуқ дорад:
а) рӯйхат ва намуди хизматрасониҳои дархостшавандаро мустақилона ё бо ёрии Бонк тағйир диҳад;
б) ҳуҷҷатҳои молиявии тасдиқкунандаи пардохтро нигоҳ дорад;
в) ҳисоботи пурраи молиявиро оид ба ҳаракати маблағҳо дар ҳисоби кортӣ гирад;
г) аз маблағҳои дар ҳамёни электронӣ буда истифода намояд;
е) ҳангоми омӯзиши амалиётҳо аз ҷониби Бонк маълумот ва ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод намояд.
5. Арзиши хизматрасонӣ ва тартиби ҳисоббаробаркунӣ
5.1. Арзиши хизматрасониҳо тибқи Тарифҳои амалкунанда, ки дар сомонаи Бонк нашр шудаанд, муайян карда мешавад.
5.2. Дастрасӣ ба хизматрасониҳо танҳо ҳангоми мавҷуд будани бақияи мусбати ҳисоби кортии Мизоҷ пешниҳод карда мешавад.
5.3. Пардохти хизматрасониҳо тариқи ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ анҷом дода мешавад.
5.4. Ҳисобгирии хизматрасониҳо ва назорати дурустии пардохтҳо ба таври автоматӣ анҷом дода мешавад.
5.5. Қоидаҳои тарифгузорӣ ва ташаккули ҳуҷҷатҳои молиявӣ аз ҷониби Бонк мустақилона муайян карда мешаванд.
5.6. Бонк ғайр аз ҳолатҳои дар банди 5.1 пешбинишуда пардохти иловагӣ намегирад.
6. Қатъ гардидани дастрасӣ ба хизматрасонӣ
6.1. Бонк ҳуқуқ дорад ҳангоми сифр будани бақияи ҳисоби кортии Мизоҷ дастрасиро ба пардохти хизматрасониҳои Шарикон қатъ намояд.
6.2. Бонк ҳуқуқ дорад дар ҳолати вайрон кардани қоидаҳои истифодаи хизматрасонӣ аз ҷониби Мизоҷ дастрасиро қатъ намояд.
6.4. Ҳангоми қатъ гардидани дастрасӣ Бонк барои огоҳ ё огоҳ накардани шахсони сеюм масъулият надорад.
6.5. Дар дигар ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
7. Маҳдудияти масъулият
7.1. Бонк кори мутлақан бефосила ё беғалати Замимаро кафолат намедиҳад, аммо барои пешгирии мушкилот чораҳои зарурӣ меандешад.
7.2. Бонк барои хароҷот ё зараре, ки метавонад дар натиҷаи истифодаи Замима ба Мизоҷ расад, масъулият надорад.
7.3. Бонк барои пурракунӣ ё ирсоли нодурусти маблағ аз ҷониби Мизоҷ масъулият надорад.
7.4. Бонк барои зарари мустақим ё ғайримустақим, ки на бо айби Бонк ба вуҷуд омадааст, масъулият надорад.
7.5. Бонк барои зарарҳои тасодуфӣ ё махсус, аз ҷумла аз даст додани даромад ё пасандозҳо масъулият надорад.
7.6. Бонк барои сифати каналҳои алоқаи умумӣ, ки тавассути онҳо дастрасӣ ба Замима амалӣ мегардад, масъулият надорад.
7.7. Мизоҷ тамоми масъулият ва хавфҳои вобаста ба истифодаи хизматрасониҳои Шариконро ба зимма мегирад.
7.8. Мизоҷ барои нигоҳдории маълумоти идентификатсионӣ, рамзҳо ва паролҳои худ пурра масъул мебошад.
7.9. Мизоҷ барои тамоми муроҷиатҳо ба Замима ва амалҳое, ки тавассути маълумоти идентификатсионии ӯ анҷом дода мешаванд, масъул аст.
7.10. Мизоҷ розӣ мебошад, ки Бонкро вобаста ба имконнопазирии даврии дастрасӣ ба Замима ҷавобгар насозад.
7.11. Масъулияти молиявии Бонк дар назди Мизоҷ бо арзиши хизматрасониҳои пардохтшуда, вале пешниҳоднашуда маҳдуд мегардад.
7.12. Бонк барои вайроншавии эҳтимолии қонунгузории давлатҳои дигар аз ҷониби Мизоҷ масъул нест.
7.13. Мизоҷ ҳуқуқ надорад захираҳои пешниҳодшударо барои дастрасии ғайриқонунӣ ё вайрон кардани кори шабакаҳо истифода барад.
7.14. Оид ба масъалаҳои дигар, ки дар ҳамин Шартнома пешбинӣ нашудаанд, тарафҳо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро роҳнамоӣ мекунанд.
7.15. Бонк барои интиқоли маблағ аз ҷониби Мизоҷ ба ҳисоби ҳамёни электронӣ масъулият надорад.
7.16. Маълумоти авторизатсионӣ дар доираи ҳамин Шартнома ҳамчун аналоги имзои дастӣ эътироф карда мешавад.
7.17. Тарафҳо эътироф мекунанд, ки супоришҳои бо АСП тасдиқшуда ба ҳуҷҷатҳои қоғазии бо имзои дастӣ тасдиқшуда баробар мебошанд.
8. Тартиби баррасии даъвоҳо ва баҳсҳо
8.1. Даъвоҳои Мизоҷ оид ба хизматрасониҳо аз ҷониби Бонк танҳо дар шакли хаттӣ ва на дертар аз 3 рӯзи тақвимӣ аз санаи ба вуҷуд омадани ҳолати баҳснок қабул карда мешаванд.
8.2. Истифодабарандагони Замима барои иҷро накардан ё иҷрои нодурусти ӯҳдадориҳои худ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мебошанд.
8.3. Тарафҳо барои ҳалли баҳс бо роҳи гуфтушунид ва расмиёти мувофиқа чора меандешанд. Дар сурати ба мувофиқа нарасидан, баҳсҳо бо тартиби судӣ ҳал карда мешаванд.
9. Муҳлати амали Шартнома ва тартиби тағйир додани он
9.1. Шартнома аз лаҳзаи бақайдгирии Мизоҷ дар Замима эътибор пайдо мекунад.
9.2. Ҳамин Шартнома ва замимаҳои он ҳуҷҷатҳои расмии Бонк мебошанд.
9.3. Бонк метавонад Тарифҳо, Регламент ва матни ҳамин Шартномаро якҷониба тағйир диҳад ва онро дар сомонаи www.amonatbonk.tj нашр намояд.
9.4. Бонк барои огоҳ ё огоҳ накардани шахсони сеюм оид ба қатъ гардидани Шартнома масъулият надорад.
9.5. Рӯйхати хизматрасониҳои дар ҳамин Шартнома пешбинишуда ниҳоӣ нест ва хизматрасониҳои иловагӣ метавонанд пешниҳод карда шаванд.
9.6. Ҳангоми ошкор шудани амалиётҳои шубҳанок бо истифодаи хизматрасониҳои фосилавӣ, Бонк ҳуқуқ дорад пешниҳоди онҳоро ба муҳлати 3 рӯз боздорад.
9.7. Ҳангоми мавҷуд будани гумони асоснок оид ба истифодаи хизматрасониҳои фосилавӣ бо мақсади қонунигардонии даромадҳои ҷиноятӣ ё маблағгузории терроризм, Бонк ҳуқуқ дорад шартномаро якҷониба қатъ намояд.
10. Форс-мажор
10.1. Дар ҳолати ба вуҷуд омадани ҳолатҳои рафънопазир, ки аз ирода ва таъсири тарафҳо вобаста нестанд, аз ҷумла офатҳои табиӣ, шароити номусоиди обу ҳаво ва дигар ҳолатҳо, иҷро нашудани ӯҳдадориҳо вайронкунии Шартнома ҳисобида намешавад.
10.2. Ҳангоми гирифтани маълумот дар бораи ба вуҷуд омадани ҳолатҳои форс-мажорӣ, Бонк дар муҳлати панҷ рӯз Истифодабарандагони Замимаро тавассути нашр дар сомонаи www.amonatbonk.tj огоҳ менамояд.
11. Шартҳои махсуси Шартнома
11.1. Ҳамаи ҳуҷҷатҳое, ки дар доираи ҳамин Шартнома тартиб дода мешаванд, аз ҷониби тарафҳо ҳамчун ҳуҷҷатҳои аслӣ эътироф ва қабул карда мешаванд.