Кафолати бонкӣ
Ҳалли боэътимод барои иштирок дар тендерҳо ва иҷрои ӯҳдадориҳои шартномавӣ.
Кафолати бонкӣ – ин кафолатест, ки аз тарафи КВД БА ҶТ «Амонатбонк» барои иштирок дар харидҳои тендерӣ ва иҷроиши қарордод дар бланкҳои махсус бо таври хаттӣ ба шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ пешниҳод карда мешавад.
Ҳаққи хизматрасонӣ
2%
аз маблағи умумии дархости кафолати бонкӣ дар ҳолати бе таъминнокӣ
аз маблағи умумии дархости кафолати бонкӣ дар ҳолати бе таъминнокӣ
1%
аз маблағи умумии дархости кафолати бонкӣ дар ҳолати бо таъминнокӣ
аз маблағи умумии дархости кафолати бонкӣ дар ҳолати бо таъминнокӣ
Кафолатҳои бебозгашт
Даст кашидани ғолиб аз бастани шартнома
Напардохтани ҷаримаҳо барои иҷрои шартнома
Сифати пасти иҷрои шартнома
Намудҳои кафолати бонкӣ
Кафолати бонкӣ барои иштирок дар тендер
Кафолати иҷрои шартнома
Кафолати иҷрои босифати ӯҳдадориҳо
Ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои соҳибкорони инфиродӣ
- Ариза барои гирифтани кафолати бонкӣ
- Нақшаи тиҷоратӣ
- Нусхаи қарордод ва шартномаҳо бо шарикон
- Шаҳодатномаи бақайдгирии давлатӣ
- Ҳуҷҷатҳои таъминоти гарав
Ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои шахсони ҳуқуқӣ
- Ариза ё мактуб барои гирифтани кафолати бонкӣ
- Нусхаи оиннома
- Шаҳодатномаи бақайдгирии давлатӣ
- Мактуб аз мақомоти андоз
- Қарори Маҷлиси Муассисон
- Фармон оид ба таъиноти роҳбар
- Иҷозатнома барои фаъолияти соҳибкорӣ
- Нусхаи шиносномаи роҳбарон
- Тавозуни муҳосибавӣ барои 1 соли охир
- Шарҳи пурраи дебиторӣ ва кредиторӣ
- Ҳисобот дар бораи фоида ва зиён
- Нусхаи қарордод ва шартномаҳо бо шарикон
Аслияти ҳуҷҷат
Агар дар шакли тасдиқшудаи ҳуҷҷати кафолатӣ нишонаҳои ҳимоявӣ мувофиқат накунанд, он аслӣ ҳисобида намешавад. Ҳуҷҷати аслӣ дорои нишонаҳои махсуси ҳимоявӣ мебошад.