Насби POS ва QR-рамз
Қабули пардохтҳои ғайринақдӣ бо истифода аз POS-терминал ва QR-рамз барои марказҳои савдо ва хизматрасонӣ.
Тавсифи POS-терминал
POS-терминал дастгоҳи ҳисобкунӣ мебошад, ки барои авторизатсияи электронии амалиётҳо ва додани чеки бонкӣ ё тиҷоратӣ истифода мегардад.
POS-терминал аз монитор, блоки системавӣ, дисплей, клавиатура, ҳисобкунаки корт, дастгоҳи чопӣ, қисми фискалӣ ва барномаи идоракунӣ иборат мебошад.
Истифодабарии POS-терминал
Раванди пардохт тавассути POS-терминал хеле осон ва қулай мебошад.
Харидор корти пардохтиро пешниҳод мекунад
Фурӯшанда кортро дар POS-терминал мегузаронад
Харидор рамзи махфии PIN-ро ворид менамояд
Авторизатсия ба таври автоматӣ иҷро мегардад
Афзалиятҳои истифодаи POS-терминал
Кам намудани муомилоти пули нақд
Зуд ва қулай гузаронидани амалиётҳо
Ҳифзи хазинадор аз қабули пулҳои қалбакӣ
Зарурати бо худ нигоҳ надоштани маблағи калони нақдӣ
Бехатарии пардохти мол ва хизматрасонӣ
Шаффофияти амалиётҳо
Кам гардидани пулҳои фарсуда дар муомилот
Ҳуҷҷатҳои лозима
Шаҳодатномаи қайди давлатии фаъолияти соҳибкорӣ
Нусхаи иқтибос
Нусхаи гувоҳнома дар бораи доштани РМА
Нусхаи шиноснома ва РМА-и ашхоси масъул
Имтиёзҳо ва афзалиятҳои хизматрасонӣ
| Хизматрасонӣ | Арзиш |
|---|---|
| Насб ва пешниҳоди POS-терминал | Ройгон |
| Кушодани суратҳисоби 26202 | Ройгон |
| Хизматрасониҳои бонкӣ | Шартномавӣ |
| Ҳаққи хизмат барои гирифтани нақдина | Ройгон |
| Кушодани суратҳисоби корти пардохтӣ | Ройгон |
| Пайвастшавӣ ба СМС-паёмак | Ройгон |
| Пайвастшавӣ ба Амонат мобайл | Ройгон |
| Идоракунии суратҳисоб тариқи Интернетбонк | Ройгон |
Маълумоти иловагӣ
Терминалҳои электронӣ дар марказҳои савдо ва хизматрасонӣ дар асоси шартнома аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ насб карда мешаванд.